| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Ҷаласаи якуми Гурӯҳи корӣ оид ба Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025
    Ахбор

    Ҷаласаи якуми Гурӯҳи корӣ оид ба Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025

    Моҳи ноябри соли 2021 дар меҳмонхонаи «Серена» ҷаласаи якуми Гурӯҳи кории 11 «Ҳифзи муҳити зист, ҳолатҳои фавқуллода ва тағйирёбии иқлим» оид ба натиҷагирӣ ва ҳадафҳои Барномаҳои миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ва солҳои 2021-2025 дар доираи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

    Дар ҷаласаи аъзои Гурӯҳи кории байниидоравӣ аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, шарикони рушд, ассосиатсиятҳои соҳавӣ, академияи миллии илмҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳузур доштанд.

    Муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмзода З.С. ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, доир ба милликунонии Ҳадафҳои рушди устувор ва «Стратегияи милии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» маълумот дод.

    Сипас сардори Раёсати монитроинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастри Кумита Шукуров Исфандиёр доир ба “Натиҷагирӣ аз рӯи масъалаҳои ҳифзи муҳити зист дар Барномаҳои миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ва солҳои 2021-2025” бо рӯнамо баромад намуд.

    Инчунин, оид ба ҳадафу вазифаҳои Гурӯҳи 11 «Ҳифзи муҳити зист, ҳолатҳои фавқуллода ва тағйирёбии иқлим», ки дар доираи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст мушовири Барномаи рушди СММ Одинаев О.М. ва коршиноси Вазорати иқтисод ва савдо Достиев А. бо рӯнамо баромад намуданд.


    Бозгашт