| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Ҷаласаи навбатии Кумитаи ҳидояткунандаи Лоиҳаи Фонди Иқлими Сабз
    Ахбор

    Ҷаласаи навбатии Кумитаи ҳидояткунандаи Лоиҳаи Фонди Иқлими Сабз

    15 феврали соли 2022 Ҷаласаи навбатии Кумитаи ҳидояткунандаи Лоиҳаи “Устувории ҷомеаҳои осебпазир ва аз нигоҳи озуқаворӣ ноамн ба пайомадҳои иқлимӣ ва гуногунсозии воситаҳои зиндагӣ дар манотиқи кӯҳии Тоҷикистон”, ки аз ҷониби Фонди Иқлими Сабз маблағгузорӣ мегардад, дар толори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

    Дар рафти ҷаласаи мазкур Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Шерализода Б. А., Директори кишварии Барномаи Озуқавории Ҷаҳони СММ дар Тоҷикистон ҷаноби Адҳам Мусаллам, Директори Агентии обуҳавошиносӣ, сардори Маркази татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионии Кумита, масъулини возорату идораҳои дахлдор, аз он ҷумла, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, Вазорати кишоварзӣ, Агентии хоҷагии ҷангал ва дигарон иштирок намуданд.

    Зимни ҷаласаи мазкур масъалаҳои амалишавии Лоиҳа аз ҷониби Барномаи Озуқавории Ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Аз ҷониби аъзоёни Кумитаи ҳидояткунанда як қатор пешниҳодҳои мушаххас оид ба рафту татбиқи Лоиҳаи мазкур дода шуданд.

    Ёдовар мешавем, ки гузаронидани ҷаласаи мазкур 4 маротиба дар 1 сол ба нақша гирифта шудааст, ки барои рафту татбиқи Лоиҳа натиҷаҳои мушаххас медиҳад.

     


    Бозгашт