| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба «Ҳифзи муҳити зист, ҳолатҳои фавқулода ва тағйирёбии иқлим»
    Ахбор

    Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба «Ҳифзи муҳити зист, ҳолатҳои фавқулода ва тағйирёбии иқлим»

                                                                         


    5465876.jpg

    Кумита бо мақсади натиҷагирии “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои солҳои 2021-2025”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2021, №168 барои таъмини иҷрои марҳилаи дуюми Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қабул шудааст, 25-26 октябри соли равон ҷаласа ва семинари омӯзиширо дар ҳамбастагӣ бо шарикони рушд ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба банақшагирии стратегӣ барои Гурӯҳи кории байниидоравии 11 «Ҳифзи муҳити зист, ҳолатҳои фавқулода ва тағйирёбии иқлим», ки дар доираи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, аз рӯи масъалаҳои ҳифзи муҳити зист баргузор намуд. Дар ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, шарикони рушд, ассотсиатсиятҳои соҳавӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳузур доштанд.

    Дар оғози ҷаласа сардори Раёсати монитроинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастри Кумита Шукуров Исфандиёр ва муовини директори Агентии обуњавошиносӣ бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, доир ба амалишавии “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои солҳои 2021-2025” ва фаъолияти Гурӯҳи кории байниидоравии 11 «Ҳифзи муҳити зист, ҳолатҳои фавқулода ва тағйирёбии иқлим» маълумот доданд.

    Сипас дар қисмати дуюми ҷаласа мушовири миллӣ Одинаев О.М. оид ба банақшагирии стратегӣ ва мониторинги барномаҳо бо рӯнамо баромад намуд.


    Бозгашт