| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Ҷаласаи корӣ оид ба баррасӣ ва муҳокимаи лоиҳаи тағийрдодашудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бехатари оид ба организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта»
    Ахбор

    Ҷаласаи корӣ оид ба баррасӣ ва муҳокимаи лоиҳаи тағийрдодашудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бехатари оид ба организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта»                                     

    17 декабр семинар оид ба баррасии лоиҳаи қонуни тағийрдодашудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бехатар оид ба организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта» баргузор гардид. Дар ҷаласа вакилони Кумитаи оид ба масъалаҳои аграрӣ, замин ва захираҳои оби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарону мутахассисони сохторҳои масъули давлатӣ, олимон, мутахассисон ва коршиносони пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ иштирок доштанд.

    Қонун “Дар бораи бехатарии биологӣ” соли 2005 дар чаҳорчӯбаи ӯҳдадориҳои кишвар барои иҷрои муқаррароти Протоколи Картахени ба Конвенсияи гуногунии биологӣ, ки аз ҷониби Тоҷикистон дар соли 2004 ба тасвиб расида буд, қабул шудааст. Ҳама фаъолиятҳое, ки бо истифодаи организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирдодашуда (ОГТ) дар системаҳои пӯшида, ба муҳити зист баровардани онҳо, дар бозор ҷойгир кардани онҳо, инчунин воридот ва содирот ба доираи қонун дохил мешаванд.

    Қонуни мазкур дар якҷоягӣ бо муқаррароти меъёрҳои ҳуқуқии дигар қонунҳо заминаи меъёрию ҳуқуқии системаи миллии ташаккулёбандаи бехатарии биологиро ташкил медиҳад, ки вазифаи он амалӣ намудани ҳуқуқҳои шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳаёт муҳофизати саломатӣ, ва нигоҳдории гуногунии биологии мамлакат мебошад.

    Бо мақсади мутобиқ гардонидани номи қонун бо муқаррароти асосӣ ва доираи фаъолияти он тасмим гирифта шуд, ки тағйироту иловаҳо, аз ҷумла мазмун, инчунин бо назардошти пешрафту тамоюлҳои нави соҳаи биотехнология ворид карда шаванд.

    Бо ташаббуси Маркази миллии гуногунии биологӣ ва бехатарии биологии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муассисаҳои илмӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии экологӣ як қатор вохӯриҳо ва машваратҳо доир карда шуда, тағйироту иловаҳои ҷорӣ ва тағйирот дар заминаи қонун, аз ҷумла ворид намудани тағйирот ба истилоҳоти махсус. Қонуни нав барои баррасӣ ба Комиссияи экологии назди Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

    Дар рафти семинар таҳриру ислоҳот ба қонун, ки аз тарафи вазорату идораҳои дахлдор пешниҳод гардида буданд ворид карда шуданд аз ҷумла як қисми ислоҳҳоте, ки дар ҷаласаҳои гузашта пешниҳод карда шудаанд. Номи қонун тағйир ёфта, дар таҳрири ниҳоии он Қонун «Дар бораи фаъолияти бехатари оид ба организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта» номгузорӣ карда шуд.

    980980.jpg 8787909.jpg 765876789з.jpg 

    Бозгашт