| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Аксияи «Тозагии соҳил» Хуҷандро муаттар намуд
    Ахбор

    Аксияи «Тозагии соҳил» Хуҷандро муаттар намуд

    Ҳар ҳафта бо ташкили чорабиниҳои тарғиботиву амалисозии ҳашарҳои дастҷамъонаю аксияҳои гуногун аз ҷониби шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд ба истиқболи ҷашни бузурги таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ маъракаҳои гуногун амалӣ гардида истодааст.

    Ҳафтаи сипаришуда аз ҷониби мақомоти ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд аксияи «Тозагии соҳил» амалӣ карда шуд. Қамишзорҳои дохили дарё ва канори он, алафҳои худрўйи соҳил, партовҳои истеъмолии пластикию полиэтиленӣ ба пуррагӣ тоза карда шуданд.

    Тозаю озода нигоҳ доштани маҳали зист ва назди соҳил, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ободу хуррамгардонии диёри хеш яке аз анъанаҳои қадимаи аҷдодон ба ҳисоб рафта, он бояд дар оянда низ идома ёбад. 

      

    Бозгашт