| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Аксияи «Тозагии соҳил» дар соҳили дарёи Сири вилояти Суғд
    Ахбор

    Аксияи «Тозагии соҳил» дар соҳили дарёи Сири вилояти Суғд

     


    Бо иқдоми шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд бо ҷалби ҳашарчиён ҷиҳати дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021 ва баҳри хуррамнамоии муҳити зист дар соҳили дарёи Сир аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд.

    Иштирокдорони аксия 100 нафар, аксарият кормандони Сарраёсати ободонӣ ва ризокорони шаҳр буданд ва  бо амалӣ намудани корҳои дастаҷамъона соҳили дарёи Сирро аз партовҳои маишӣ ва алафҳои бегона тоза намуданд. Соҳили дарё аз қамишзорҳои худрӯй низ тоза гардид.

    Зимни гузаронидани аксия аз ҷониби мақомоти ҳифзи муҳити зисти шаҳр аз сокинони ин маҳал даъват ба амал оварда шуд, ки соҳили дарёро тозаю озода нигоҳ доранд ва ҳисси эҳтиром ба манбаи ҳаёт — обро ба ҷой оранд.




    Бозгашт