| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Аксияи “Тозагии соҳил” дар ноҳияи Сино
    Ахбор

    Аксияи “Тозагии соҳил” дар ноҳияи Сино

    Бо мақсади таъмини беҳдошти муҳити зист, тозагии ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо ва баланд бардоштани маърифат ва фарҳанги экологии сокинон, тозаву озода нигоҳ доштани соҳили дарёву каналҳо ва манбаъҳои обӣ яке аз масъалаҳои афзалиятнокӣ соҳа маҳсуб ёфта, бо ин мақсад баҳри иҷрои фармоиши раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе зери роҳбарии Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе аксияи экологии “Тозагии соҳил” роҳандозӣ гардид.

    Аксияи мазкур дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чортеппа, деҳаи Гиждалобод доир гашта, тавассути техникаҳои Раёсати обёрӣ ва Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳия 180 метри тӯлонӣ дохили канали Говкуш аз партовҳои сахти маишӣ тоза гашта, ба миқдори 90 м3 партовҳо бароварда шуданд.

    Инчунин, бо сокинони ноҳия оид ба иҷрои фасли 5-и Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитарӣ дар шаҳри Душанбе аз ҷониби нозирони шуъбаҳои ҳифзи муҳити зисти ноҳиявӣ суҳбату вохӯриҳо доир гашта истодааст.

         


    Бозгашт