| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Аксияи «Тозагии соҳил» дар ноҳияи Роштқалъа
    Ахбор

    Аксияи «Тозагии соҳил» дар ноҳияи Роштқалъа

    Бо мақсади иҷрои фармоиши раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гузаронидани аксияҳои экологӣ 23 апрели соли равон бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Роштқалъа аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд.

    Дар аксияи мазкур зиёда аз 80 нафар кормандони идораву муассисаҳо ва сокинони ноҳия иштирок намуда, каналу ҷуйборҳои ҷамоати деҳоти Қ. Гадолиев аз партовҳои маишӣ дар масоҳати 1,5 км тоза намуданд. Дар натиҷа 1,2 м3 партовҳо ҷамъоварӣ гардида, ба партовгоҳи ноҳиявӣ бо 1 воситаи техника интиқол дода шуданд. 


    Бозгашт