| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Аксияи “Тозагии роҳ” дар шоҳроҳи Кӯлоб-Фархор
    Ахбор

    Аксияи “Тозагии роҳ” дар шоҳроҳи Кӯлоб-Фархор

    Дар асоси фармоиши раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Амри  раиси ноҳияи Фархор рузи 21-уми августи соли равон дар шоҳроҳи Кулоб-  Фархор бо иштироки кормандони ташкилоту муассисаҳо аксияи “Тозагии роҳ” гузаронида шуд. Дар аксияи мазкур зиёда аз 200 нафар кормандон иштирок намуда, ба тоза намудани  шоҳроҳ аз партовҳо ва алафҳои бегона машғул шуданд.  Дар ҳаҷми 8 м3 партовҳо ба партовгоҳи ноҳиявӣ интиқол дода шуданд.

    Мутахассисони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия дар аксияи мазкур иштирок намуда, дар масофаи 200 метри канори роҳро аз партовҳо ва хасрубаҳо тоза намуданд.

    Инчунин дар шоҳроҳ баҳри баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ овезаи тарғиботии экологӣ насб карда шуд.

    Чунин аксияҳои экологӣ дар дигар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия идома хоҳад ёфт.

     

    Бозгашт