| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Аксияи «Тозагии роҳ» дар шаҳри Хуҷанд
    Ахбор

    Аксияи «Тозагии роҳ» дар шаҳри Хуҷанд

                        


    Дар асоси нақшаи чорабиниҳои шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хӯҷанд дар кӯчаи ба номи Р. Ҳоҷиеви шаҳр, маҳаллаи 20, бо ҷалби 15 нафар кормандони корхонаи давлатии «Истифодабарии роҳ», давоми ду рӯз аксияи «Тозагии роҳ» баргузор гардид.

    Аксияи мазкур бо мақсади тоза намудани ду тарафи қадди роҳ ва хусусан ҷӯйборҳои обгузар амалӣ гардида, дар натиҷа зиёда аз 5 километр масофа аз ҳаргуна партов тоза карда шуд. Ба партовгоҳи шаҳрӣ 8 метри мукааб партовҳо бароварда шудааст.

    Минбаъд, то истиқболи 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории чунин аксия дар дигар кӯчаҳои шаҳри Хӯҷанд пешбинӣ гардидааст.




    Бозгашт