| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Аксияи “Тозагии маҳал”-и ноҳияи Шаҳритус
    Ахбор

    Аксияи “Тозагии маҳал”-и ноҳияи Шаҳритус

    Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Шаҳритус бо мақсади дар сатҳи зарурӣ истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати иҷрои фармоишҳои Кумита ва Раёсат оид ба гузаронидани аксияҳои экологӣ дар якҷояги бо КДФ “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”  дар ҳудуди ноҳияи Шаҳритус аксияи “Тозагии маҳал”-ро гузаронид.

    Дар баргузории аксияи мазкур 150 нафар кормандон аз корхонаю ташиклотҳои ноҳия ва аҳолии ноҳия сафарбар гардиданд. Дар рафти баргузорӣ партовгоҳҳои муваққатии ҳудуди кӯчаҳои шаҳраки Шаҳритус аз партовҳо тоза карда шуда, дарахтҳои мавзеи мазкур нарм ва рангу бор карда шуданд. Барои интиқол додани партовҳои ғарам 2 адад автомашинаҳои навъи КАМАЗ ва 1 адад нақлиёти пуриқтидори борбардор сафарбар гардид.

     

    Бозгашт