Аксияи "Тозагии маҳал" дар ноҳияи Вахш
Ҷиҳати дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани 30-солагии XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои экологӣ дар шаҳру деҳоти кишвар вусъати тоза дорад.
Аз ҷумла дар асоси нақша-чорабниҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон, аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Вахш аксияи "Тозагии маҳал" роҳандозӣ карда шуд.
Иштирокчиёни ин иқдоми беҳдоштӣ, кӯчаву роҳравҳо ва соҳили каналу ҷӯйборҳои обгузаро аз партовҳо тоза карда бехи дарахтони саяафкану ороиширо нарм ва аз алафҳои бегона тоза карданд.
Дар ин баробар бо истифода аз мавсими мусоид, дар ин рӯз иштирокчиёни аксияи экологии "Тозагии маҳал" дар даромадгоҳи ноҳия, кӯчаву роҳравҳо, назди ташкилоту идораҳо ва дигар маконҳои истироҳати фароғатӣ гулҳои гуногуни ороишии зебо шинониданд.
Масъулони бахш изҳор доштанд, ки ташкилу роҳандозӣ намудани ҳамингуна амалҳои оммавии беҳдоштӣ баҳри тозагии муҳити ҳист минбаъд низ рӯзҳои истироҳатӣ ба нақша гирифта шудааст.