| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Аксияи «Тозагии маҳал» дар ноҳияи Мастчоҳ
    Ахбор

    Аксияи «Тозагии маҳал» дар ноҳияи Мастчоҳ

    Бо мақсади тозаву обод намудани муҳити атроф ва беҳтар намудани вазъи экологӣ, тоза намудани ҷӯйбору майдонҳои марказ аз хазону баргҳои хушк дар шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зист аксияи «Тозагии маҳал» ташкил ва гузаронида шудааст.

    Дар рафти аксияи мазкур беш аз 400 нафар намояндагони ташкилоту идораҳои шаҳрак, аз ҷумла омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимӣ фаъолона иштирок намуда, як қатор корҳои ободонӣ ба анҷом расонида шуд. Дар маҷмӯъ, ба масоҳати 47 ҳазор метри мураббаъ ҳудуд ва ба масофаи 6,6 километр ҷӯйборҳо тоза гардида, ба партовгоҳ 51,4 тонна партовҳо бароварда шудаанд.


    Бозгашт