| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Аксияи “Тозагии маҳал” дар ноҳияи Фархор
    Ахбор

    Аксияи “Тозагии маҳал” дар ноҳияи Фархор

    Дар асоси фармоиши Кумитаи хифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амри раиси ноҳияи Фархор рӯзи 4 сентябри соли ҷорӣ дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Фархор бо иштироки ташкилоту муассисаҳои ноҳия аксияи “Тозагии маҳал-2021” гузаронида шуд.

    Дар аксияи мазкур зиёда аз 120 нафар кормандони ташкилоту муассисаҳо иштирок намуданд. Дар аксияи ба тоза намудани атрофи муассисаҳо, даравидани алафҳои сабз (газон) ва гулшинони машғул шуданд. Ба воситаи техникаҳои боркашон дар ҳаҷми 5 м3 партовҳо ҷамъоварӣ гардида, ба партовгоҳи ноҳиявӣ кашонида шуданд.

    Бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияҳои “Тозагии маҳал-2021” дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия идома дорад.

     


    Бозгашт