| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Аксияи “Тозагии маҳал” дар ҷамоати шаҳраки Фархор
    Ахбор

    Баррасии масъалаҳо дар маҷлиси умумии Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ҳифзи муҳити зист»

             

    Дар асоси фармоиши Раиси Кумитаи хифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Амри раиси ноҳияи Фархор ва бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия ва Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар ҳудуди кӯчаи марказии ҷамоати шаҳраки Фархор бо иштироки кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳия аксияи “Тозагии маҳал-2021” гузаронида шуд.

    Дар аксияи мазкур зиёда аз 200 нафар иштирок намуда, иштирокдорон ба тоза намудани новаҳои бетонии шафати роҳи автомобилгард машғул шуданд. Ба воситаи техникаҳои борбардор ва боркашон дар ҳаҷми 12 м3 партовҳо ба партовгоҳи ноҳиявӣ кашонида шуданд.

    Бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияҳои “Тозагии маҳал-2021” дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия идома хоҳад ёфт.




    Бозгашт