Аксияи экологии “Тозагии ҳаво” дар шаҳри Душанбе
Ҷиҳати беҳтар намудани ҳавои атмосфера ва пешгирӣ намудани қонуншиканиҳо дар ин самт аз ҷониби Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо шуъбаи Раёсати экологӣ ва сайёҳии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва бо инобати иҷрои дастури Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёти муштарак зери унвони “Ҳавои тоза-гарави солимии ҳаёт” гузаронида шуд.
Дар ҷараёни амалиёт, ки асосан дар нуқтаҳои даромадгоҳи чор самти шаҳри Душанбе ва кӯчаву хиёбонҳои протоколӣ доир гашт, маълум гардид, ки то ҳанӯз ронандагони воситаҳои нақлиёт ба қоидаҳои амалкунанда дар самти ҳифзи муҳити зист аҳамият надода, ҳангоми ҳамлу нақли боркашонӣ боиси ифлос гардидани кӯчаву хиёбон мешаванд.
Бино ба иттилои шуъбаи нақлиёти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ҳолати имрӯза 36 корхонаҳои љамъиятии мусофиркашонӣ ба аҳолӣ хизмат менамояд.
Дар ин зимн, нозирони шуъбаи Раёсати экологӣ ва сайёҳии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз ҷамъиятҳои нақлиётии мусофиркашонӣ дидан намуда, ҷиҳати пешбурди фаъолияти ҷамъиятҳои мусофиркашонӣ ва бо назардошти ба шиддат кам намудани партоиши партовҳои нақлиёт ба ҳавои атмосфера ба маъмурини ин ташкилотҳо дастур доданд.
Мутаассифона, дар аснои баргузории аксия дар кӯчаву хиёбонҳо ошкор гардид, ки ронандагон ҳангоми боркашонӣ дар кӯчаҳои протоколӣ беэътиноӣ зоҳир намуда, борҳои пошхурандаро беболопӯш кашонида, ба ҳолати техникии нақлиёт беэътиборанд. Дар рафти баргузории амалиёт нисбат ба 7 нафар ронандаи воситаи нақлиёт барои ифлос кардани роҳҳо, ҷиҳати аз меъёрҳои муқарраргардида зиёд будани таркиби газҳои коркарди муҳаррики дарунсӯзи воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ва беболопӯш интиқол додани маводҳои пошхӯранда протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.
Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо шуъбаи Раёсати экологӣ ва сайёҳии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар 9 моҳи соли ҷорӣ 1527 адад қонунвайронкуниро дар самти ҳифзи муҳити зист ошкор ва парвандаҳои маъмурӣ тартиб дод.
Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе ҷиҳати солимгардонии муҳити зист, махсусан дар таъмини тозагии ҳавои атмосфера ва сарсабзию ободонии шаҳраку маҳаллаҳо чораҳои таъхирнопазир андешида, нисбат ба қонуншиканиҳо дар ин самт чораҷӯи менамояд.