| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Аксияҳои “Тозагии соҳил” ва “Тозагии маҳал”  дар шаҳри Ҳисор
    Ахбор

    Аксияҳои “Тозагии соҳил” ва “Тозагии маҳал” дар шаҳри Ҳисор                                                                             

    photo_2022-08-13_10-58-22-2.jpg

    Баҳри амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 31- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи нақшаи пешбинигардидаи шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Ҳисор корҳои ободониву созандагӣ, гузаронидани аксияҳои экологӣ бомаром идома дорад.

    Бо иқдоми шуъбаи ҳифзи муҳити зист, ҳафтаи равон дар ҳудуди шаҳри Ҳисор аксияҳои экологии “Тозагии соҳил” ва “Тозагии маҳал” бо иштироки беш аз 450 нафар сокинони ҷамоатҳо ва кормандони сохторҳои маҳалии шаҳр гузаронида шуда, минтақаҳои аҳолинишин, атрофи биноҳои маъмурӣ, соҳили каналу ҷӯйҳо аз ҳаргуна партовҳо тоза карда шуд. Дар натиҷа 6 м3 партовҳо ҷамъоварӣ ва бо воситаи ду адад техникаи боркаш ба партовгоҳи шаҳрӣ интиқол дода шуданд.

    Баргузории чунин аксияҳои экологӣ дар дигар ҷамоатҳои деҳоти шаҳр низ дар назар аст.


    Бозгашт