| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Аксияҳои экологӣ дар шаҳри Турсунзода
    Ахбор

    Аксияҳои экологӣ дар шаҳри Турсунзода

    19 феврали соли ҷорӣ дар минтақаҳои соҳилнишини шаҳр ва шаҳраку ҷамоатҳои деҳот бо ҷалби корхонаву ташкилотҳо ва ризокорони (волонтёрон) бахши ҷавонони шаҳр ба ҳашари дастаҷамъона баромада, ба солимгардонии муҳити зист ва нармкунии дарахтону гулҳои бисёрсола ва тоза намудани ҷӯйборҳо ва кӯчаҳои ҳудуди шаҳр оғоз намуданд.

    Кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зист вобаста ба тоза нигоҳ доштани муҳити зист ва соҳили дарёҳо, канал ва ҷӯйборҳои шаҳр инчун бо риояи талаботи агротехникӣ доир ба шинонидану нигоҳубин ва парвариши гулҳо байни кормандони муассисаи мазкур корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

    Тибқи маълумоти масуълин бо мақсади хуррамгардонӣ ва солимгардонии муҳити зист дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳот чунин маъракаҳо пешбинӣ шудааст.

       


    Бозгашт