| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Аксияҳои экологӣ дар ноҳияи Шаҳритус
    Ахбор

    Аксияҳои экологӣ дар ноҳияи Шаҳритус

    Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани маҳалҳои аҳолинишин, манбаъҳои обӣ ва роҳҳои автомобилгарди ҳудуди ноҳия, аксияҳои экологии “Тозагии маҳал”, “Тозагии соҳил” ва “Тозагии роҳ”-ро бо ҷалби аҳолии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ташкил ва гузаронид.

    Дар аксияҳои мазкур зиёда аз 150 нафар аз ҳисоби кормандони корхонаву ташкилотҳо ва аҳолии шаҳрак ширкат варзида, шафати роҳҳои автомобилгард, ҷуйборҳои обрав аз ҳар гуна партовҳо ва хасу хошок тоза карда шуданд.

    Инчунин ҳудуди даромадгоҳи қароргоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар ҷамоати деҳоти Обшорон аз ҳар гуна партовҳо тоза карда шуда, бехи навниҳолони шинонидашуда нарм карда шуданд.

    Дар аксияҳои мазкур бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия 1 (як) адад техникаҳои пуриқтидор ва 2 (ду) адад автомашинаҳои боркаш сафарбар карда шуда, партовҳои ҷамъоваришуда ба партовгоҳи расмии ноҳия интиқол дода шуданд.

    Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Шаҳритус дар оянда низ бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ барои ташкил ва гузаронидани аксияҳои экологи аз тамоми имкониятҳои ҷойдошта истифода хоҳад бурд.

      


    Бозгашт