| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Аксияҳои экологӣ бахшида ба рӯзи Замин
    Ахбор

    Аксияҳои экологӣ бахшида ба рӯзи Замин

    Бахшида ба рӯзи Замин, ки 22 апрел эътироф гардидааст бо иқдоми шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Ҳисор аксияҳои экологӣ гузаронида шуд. Дар аксияҳои мазкур беш аз 350 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ, кормандони касбу кори гуногун ва сокинони шаҳр фаъолона иштирок намуданд.

    Дар рафти чорабиниҳо аз ҷониби иштироккунанддагон корҳои ободонӣ, нарм намудани бехи гулҳову дарахтон ва минтақаҳои аҳолинишин, соҳили ҷӯйҳо, 5 км шафати роҳҳо аз ҳаргуна партовҳо тоза гаридаанд. Дар натиҷа 7 м3 партовҳо ҷамъоварӣ ва ба партовгоҳи расмии шаҳр интиқол дода шуданд.

    Ҷалб намудани сокинон ва хонандагон дар чорабиниҳои экологӣ баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии онҳо буда, барои ободу зебогардонии шаҳри азизамон саҳмгузор мешаванд.

      

    Бозгашт