| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    2 тонна моҳӣ мусодира гашт
    Ахбор

    2 тонна моҳӣ мусодира гашт

    Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе дар ҳамкории муштарак бо Шуъбаи Раёсати экологӣ ва сайёҳии ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе дар давоми 9-моҳи соли ҷорӣ бобати пешгирӣ намудани қонуншиканиҳо дар самти олами наботот ва моҳӣ як қатор чорабиниҳоро амалӣ намуданд.

    Зимни гузаронидани рейдҳо ва санҷишҳои муштарак 7 нафар ронандагон барои  бе ҳуҷҷатҳои зарурӣ кашонидани ҳезум ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.

    Бо мақсади нигоҳ доштани олами наботот ва ҳифзи растаниҳои шифобахш дар аснои гузаронидани рейдҳои фаврӣ дар бозорҳои ҳудуди Душанбе нисбат ба 9 шаҳрванд барои худсарона чидан ва фурӯхтани гиёҳҳои шифобахш ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.

    Бо мақсади пешгирӣ намудани қонуншиканиҳо дар самти ҳифзи муҳити зист, ворид нагаштани воситаҳои нақлиёти ифлос ба ҳудуди пойтахт дар даромадгоҳи чор дарвозаи ба пойтахт воридшаванда нозирони Шуъбаи Раёсати экологӣ ва сайёҳии ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе фаъолият намуда, бо дастгоҳҳои махсус заҳрнокии партови сӯзишвории (СО2) воситаҳои нақлиётро мавриди ташхис қарор дода, бо дастрасии моддаи 230-и Кодекси маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1102 ҳолати қонуншиканӣ ба қайд гирифта шуд.

            Дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе дар ҳамкории муштарак бо Шуъбаи Раёсати экологӣ ва сайёҳии ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе ба миқдори 2 тонну 34 кг моҳӣ мусодира гашта, нисбати 8 шаҳрванд протоколӣ маъмурӣ тартиб дода шуд.



    Бозгашт