| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    11 декабр – Рӯзи байналмилалии кӯҳсор
    Ахбор

    11 декабр – Рӯзи байналмилалии кӯҳсор

    Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистонро дар ақсои олам пеш аз ҳама чун диёри кӯҳсор мешиносанд. Ҳар тоҷику тоҷикистонӣ ба хубӣ медонад ва ифтихор дорад, ки 93 фоизи масоҳати ҷумҳурӣ аз кӯҳҳо иборатанд.

    Табиатдӯстони олам бо қарори 57-умини Ассамблеяи генералии СММ  ҳамасола санаи 11 декабрро бо мақсади тарғиби аҳамияти рушди устувори манотиқи кӯҳсор ҳамчун Рӯзи байналмилалии кӯҳсор ҷашн мегиранд. Азбаски кӯҳҳо 27 фоизи хушкии сайёраамонро ташкил медиҳад ва қариб 15  фоизи аҳолии кураи арз дар манотиқи кӯҳсор умр ба сар мебаранд, СММ ҳадафи таҷлили рӯзи кӯҳсорро тарғиби рушди устувори минтақа мешуморад.

    Дар кишвари мо силсилакӯҳҳои баландтарини олам-Помир, Тиёншон ва Олой ба ҳам меоянд. Аз ҳама ганҷҳои бебаҳои табиати кӯҳҳои сарсафед оби мусаффо буда, қариб 1000 дарёҳои дарозиашон аз 10 километр зиёд, 60 фоизи оби Осиёи Марказӣ аз кӯҳҳои Тоҷикистон сарчашма мегиранд.

    Дар Тоҷикистон тамоми элементҳои чадвали даврии Менделеевро дарёфт намудаанд, ки хосса дар манотиқи куҳсор ганҷҳои бепоён нуҳуфтаанд.

    Солҳои охир босуръат азхудкунии доманакӯҳҳо, ба сифат ва намуди олами ҳайвоноти сукунатдошта таъсири худро расонида истодааст. Баъзе намудҳои олами ҳайвонот дар зери таъсири омилҳои антропогенӣ  мавзеъҳои худро тарк намуда, дар дигар ҷой маскан гирифтаанд. Чунин вазъият ба миқдоран камшавии саршумори онҳо ва ҳатто хавфи  маҳвшавӣ оварда расонида истодааст.

    Аз ин лиҳоз, муносибати дилсӯзона ба ҳар каф хоки зархези кӯҳсори Тоҷикистон, ифлос накардани табиати нотакрор бо партовҳо, самаранок истифода бурдани захираҳои табиӣ ва мерос гузоштани гуногунрангии олами набототу ҳайвонот ба наслҳои минбаъда қарзи шаҳрвандии ҳар фарди ватандӯст мебошад.

    Бозгашт