| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Ноҳияи Мурғоб


    МАЪЛУМОТИ УМУМӢ, ҶУҒРОФӢ ВА ТАЪРИХӢ

               Ноҳияи Мурғоб дар соли 1932 ташкил ёфтааст, миқдори ҷамоатҳои ноҳия 6 адад мебошад: Мурғоб, Аличор, Бердибаева, Қизил – Рабат, Кара – Кул ва Ранг-Кул.

    Ноҳия дорои  осоишгоҳҳо ва ҷойҳои фароғати табобатӣ мебошад.  4 адад ҷойҳои фароғатии табобатии тариқи гармчашма мавҷуд ҳастанд. Манҷура, Элису, Ҷартигумбез ва Кизилработ обҳои гарми зеризаминӣ доранд.

    Дар ноҳия ёдгориҳои табиӣ Чироқ-таш, Ғори  Салиқташ, Кампирчик ва ғайраҳо ки ҷои муҷизанок буда, шаклҳои гуногун доранд.

    Ба ғайра аз инҳо ҳайвонотҳои ваҳшие монанди гусфанди кӯҳӣ, бабри барфӣ ва парандаи ғози ҳиндию ғайраҳо мебошанд

    Дар ноҳия ёдгории таърихӣ аз давраи зиндагии Сакҳо монанди навиштаҷоту расмҳои рӯи сангҳо, тақвимҳои офтобии рӯи замин аз сангҳо ташкил карда шуда, дидбонгоҳи Музкул мебошанд.

    Ҷойҳои таърихии ҳудуди Парки Миллии Тоҷикистон дар ноҳияи Мурғоб мавзеҳои Караарту Шоронуки мебошад, ки дар ин ҷойҳо тақвими моҳӣ ё баъзеҳо тақвими офтоби онро мегӯянд ҷойгир мебошад.

    Дар мавзеи Акташи ҳудуди ПМТ бошад ҷои шиҳоб пора (метеорит) мавҷуд аст, ки ҳамаи ин ҷойҳои таърихию табиӣ ва олами ҳайвоноту наботот мафтункунандаи саёҳони хориҷию ватанӣ мебошанд ва барои дидани онҳо чандин саёҳон вориди ПМТ гаштаанд. 

     

        Маркази маъмурӣ: н. Мурғоб                

        Аҳолӣ: 15787

        Индекс:  736600                     

       Масоҳат: 38,6 ҳазор км2

       Масоҳати бо об пӯшидашуда: -        

       Масоҳати чарогоҳ: 534333 га

        Масоҳати ҷангал: -

        Баланди аз сатҳи баҳр: 3600-4600 м         

                

      ОБЪЕКТҲОИ САНҶИШӢ

      -

      ҲТММ

        Дар ҳудуди ноҳия Парки Миллии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳти №267 аз 20 июни соли 1992 бо мақсади нигоҳ доштану ҳифз намудани ландшафтҳои баландкӯҳ ва олами ҳайвоноту наботот дар майдони 1200000 га ташгил гардид.

        Соли 2001 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 11 июли соли 2001 №253 майдони ПМТ зиёд карда шуд ва ба майдони 2611674 га расид, ки аз он 1487049 га ба рост меояд,  аз 1487049 га 155470 га чарогоҳ ва 1331579 га дигар заминҳо куҳсорҳо пиряхҳо ва зероб мебошанд.

        21-июни соли 2013 дар Камбоҷия қарор қабул карда шуд ва ПМТ ба руйхати мероси умумии ҷаҳонӣ ворид гардид.

        Олами ҳайвоноти ҳудуди ПМТ гӯсфанди куҳии помирӣ, бузи куҳии сибирӣ, бабри барфӣ, гург, хирс, силовсин, саги обӣ, суғур, рубоҳ,  харгуш мебошанд ва аз парандагон дар ҳудуди ПМТ ноҳияи Мурғоб мурғи ҳилоли тибетӣ, ғози ҳиндӣ, мурғобии сурх, бургут, саҷдаи тибетӣ, бози муғулӣ ва намудҳои зиёди шапаракҳо зиндагӣ доранд.

        Аз намуди моҳиҳо бошад голеси каракулу, ширмоҳи, гулмоҳӣ ва осман дар ҳудуди ПМТ ноҳияи Мурғоб мавҷуд ҳастанд.

        “Зоркул”  яке аз кулҳои бузурги Помир ба шумор рафта, дар сарҳади Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Тоҷикистон ҷойгир мебошад.

        Масоҳати умумии кули Зоркул 38,9 км2 ташкил дода, дар баландии 4126 м аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошад. Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14-марти 2000 №120 атроф ва қитъаи кули Зоркул ба мамнунгоҳи  “Зоркул”  ворид гардид.

        Соли 2001 кули Зоркул бо фаъолияти Рамсарской ба руйхати ботлоқзорҳо ворид карда шуд. Соли 2006 аз тарафи Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнунгоҳи Зоркулро ба руйхати обекти меросӣ умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дохил карда шуд.

       Дарозии кули Зоркул аз шарқ то ғарб 25 км-ро ташкил медиҳад. Аз тарафи ғарби кули мазкур дарёи Помир сарчашмаи дарёи Панҷ ба шумор меравад.     

      ЗАХИРАҲО

      Захираҳои замин

     -истифодаи захираҳои замин: барои чарондани чорво, сохтмон, алафдаравӣ.

     -намуди заминҳо: заминҳои харсангдор шўрзорҳо, хокҳои бемаҳсул ва хокҳои марғзорҳо иборат аз заминҳои бадхурдашуда бештар ба назар мерасанд.  

     -масоҳат: 3844221 га

     - ҳолати замин: аз сабаби набудани об барои кишту кори замин истифода намешавад.  

     -ҳолати замин, масоҳати заминҳои таназулёфта, бекорхобида:

     заминҳои таназулёфта нестанд, бекорхобида 3292356 га мебошанд. 

     -номгўи индикаторҳои (нишондиҳандаҳои) асосии экологӣ:

                                                             

                   Истифодаи замин                                            Ҷадвали 1

     №б/т    

     Намуди заминҳо               

       Соли 2014 (га)  

     1

     Майдони умумӣ

     3844221 гектар

     аз он ҷумла обӣ

     2

     Замини корам

     аз он ҷумла обӣ

      3

     Дарахтони бисёрсола

     аз он ҷумла обӣ

    4

     Чарогоҳ

     534333 га

     аз он ҷумла обӣ

     1923 га

    5

     Заминҳои боир (залеж)

     6

     аз он ҷумла обӣ

    6

     Заминҳои назди ҳавлигӣ

     107

     аз он ҷумла обӣ

    7

     Ҷангал ва бешазор  

     144

     аз он ҷумла обӣ

     144

    8

     Заминҳои ҳифзи табиат (рекреатсионӣ)

     1487049

    9

     Заминҳои таназзулёфта (эрозияшуда)

    10

     Заминҳои шӯршуда

    11

     Заминҳое, ки истифода нашудаанд

     3292356





















        Сарватҳои зеризаминӣ ва рўизаминӣ:

     -конҳои канданиҳои фоиданоки маъмули умум: истифодашавандаи ҳудуди ноҳия санг, кум шағалҳои табиӣ ва хок мебошанд, ки ҳамчун масолеҳи сохтмон дар фаъолияти инсон ҳаррӯза истифода бурда мешаванд.

    - дигар намуди конҳо ва сарватҳо: Дар инҷо захираҳои калони сангҳои қимматбаҳо ва нимқимат, конҳои тиллои пошхурда, мумиё, як чанд маъданҳои полиметалӣ ва чашмаҳои маъданӣ вуҷуд доранд. Аҳолии маҳаллӣ ва сайҳон аз чашмаҳои маъданӣ васеъ истифода мебаранд.

    Захираҳои об:

    -манбаъҳои обтаъминкунӣ: манбаъҳои асосии пурраи обтаъминкунии аҳолии ноҳия аз ҳисоби чоҳҳои кандашуда мебошад. Дар маркази ноҳия бошад аҳолии ноҳия аз хизмати нақлиёти обкаши ХМК истифода мебаранд. Аҳолии маркази ноҳия  назди соҳили дариёи Ак-су истиқомат дошта, аз чашмаҳои соҳили дарёи Ак-су баромада, ки барои нушоки ба талабот ҷавобгӯ мебошанд истифода мебаранд.  

    - обҳои зеризаминӣ, чоҳҳо: асосан манбаъҳои обтаъминкунии аҳолӣ мебошанд, ки имруз тамоми деҳотҳои ноҳия аз обҳои зеризамини чоҳҳо истифода бурда истодаанд.

    -обҳои маъданӣ, обҳои гарм, обҳои шифобахш ва ғайра: ин минтақа асосан манбаъҳои обҳои гарми зеризаминӣ Элису, Чартигумбез,  Кизилработ ва Марҷанай буда, ҳусусияти шифобахшӣ дошта бисёр сайёҳони  хориҷию  аҳолии маҳаллиро ба ҳуд ҷалб менамоянд.                                                                                             
     
    Сарватҳои зеризаминӣ ва рўизаминӣ:                                                                                                                Ҷадвали 2

                                                                                                                Захираҳои об

     №б/т    

     Номгӯи дарёҳо, кулҳо ва обанборҳо                                            

     Калон                                          

     Хурд                    

     1

     Дарёҳо

     Ақ Суу

     Аличур



     2

     Кулҳо

     Кара Кул. 38,0 км2
     Ранг Кул

     Яшил Кул 35,6 км2
     Булун Кул

     Зоркуль 38,9 км2  Туз Кул

     Сарез  Сасиқ Кул

     

     
                                  
          



          Контакт

                  
          Шӯъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Мурғоб

         Суроға: ноҳияи Мурғоб кӯчаи Сомонӣ 2, №125

         Почтаи электронӣ: hifzitabiat-murgab@mail.ru, hukumat_murgab@mail.ru 

         Тел.: +992 777040040