| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон




    Назорати давлатӣ дар асоси талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», «Дар бораи муҳофизат ва истфодаи олами наботот», «Дар бораи олами ҳайвонот» ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи ҳифзи муҳити зист гузаронида мешавад.
    Назорати давлатӣ аз инҳо иборат мебошанд:
    1. Бурдани назорати давлатӣ оид ба фаъолияти мамнуъгоҳҳо, паркҳои миллӣ ва дигар ҳудудҳои табии махсусмуҳофизатшаванда, хоҷагиҳои ҷангал, хоҷагиҳои шикорӣ, хоҷагиҳои моҳипарварӣ, ширкатҳои сайёҳӣ ва дигар намудҳои истифодаи самараноки захираҳои олами набототу ҳайвонот, ҳудудҳои рекрасионӣ. Нигоҳ доштан ва ғанӣ гардонидани олами набототу ҳайвонот;
    2. Назорати давлатӣ оид ба истифода ва ҳифзи ҳайвоноти ваҳшӣ, паррандагон, захираҳои моҳӣ, хатсайрҳои сайёҳӣ ва ҷамъоварии намудҳои олами наботот аз тарафи мақомот ва шахсони алоҳида, инчунии ташкили кор бо нозирони ҷамъиятӣ;
    3. Гузаронидани мониторинг ва дигар корҳои ба ҳисобгирии саршумори ҳайвоноти ваҳшӣ, баҳисобгирии намудҳои растани ба Китоби Сурх Ҷумҳурии Тоҷикитон воридшуда;
    4. Назорати давлатӣ оид ба муҳофизат ва барқарорсозии хоҷагии ҷангал ва шикор, истифодаи объектҳои олами ҳайвонот, наботот, ҳудудҳои табиии махсусмуҳофизатшаванда, ҳудудҳои рекреатсионӣ ва барқарорсозии захираҳои онҳо, риояи қоидаҳо, муҳлатҳо ва меъёрҳои барои истифода муқаррар гардида;
    5. Назорат аз болои ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли моликияташон ва мансубият онҳо, оид ба риоя намудани талаботи қонунҳо, меъёрҳо ва қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар соҳаи назорати давлатӣ оид ба истифода ва ҳифзи олами наботот, ҳайвонот, захираҳои моҳӣ, сайёҳии экологӣ ва ҳудудҳои табиии махсусмуҳофизатшаванда ҳангоми сохтмони объектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ.

    Бозгашт