| khmz
Тоҷикӣ      Русский      English
"It is necessary that we take a serious attitude to environmental
protection, flora and fauna, the environmental situation, and to this
end we have achieved a revision of the approach to improving
legislation in this area."
Emomali Rahmon
 Сессияи иттилоотии Маркази Орхуси Душанбе
Ахбор

Сессияи иттилоотии Маркази Орхуси Душанбе


Чорабинии иттилоотии навбатии Маркази Орхуси назди Кумитаи ҳифзи муҳити зист, ки санаи 16 июли соли ҷорӣ  бо кормандони  Маркази саломатии шаҳрии № 9-и ш. Душанбе баргузор гардид, мавзӯи амалишавии принсипҳои Конвенсияи  Орхус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошт.

Пеш аз оғози чорабинии иттилоотӣ ба иштирокчиён бастаи маводҳои антисептикӣ тақсим карда шуд. Зимни суҳбат намояндагони Маркази Орхуси ш. Душанбе доир ба моҳият ва принсипҳои Конвесияи Орхус – дастрас намудани маълумот, иштироки ҷомеа дар раванди қабули қарорҳо ва дастрас будани адолати судӣ вобаста ба масъалаҳои муҳити зист ҳарф заданд. Миёни намояндагони Маркази Орхус ва кормандони маркази саломатии шаҳрии №9 инчунин масъалаи таъсири партовҳои тиббӣ ва оқибатҳои ногувори онҳо ба муҳити зист мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз ҷониби роҳбарияти Маркази саломатии шаҳрии № 9 барои чунин як мулоқоти судманд ба намояндагони Маркази Орхуси ш.Душанбе, ки дар назди Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад, изҳори сипос карда шуд. 






Бозгашт