| khmz
Тоҷикӣ      Русский      English
"It is necessary that we take a serious attitude to environmental
protection, flora and fauna, the environmental situation, and to this
end we have achieved a revision of the approach to improving
legislation in this area."
Emomali Rahmon
Аксияи «Тозагии маҳал» ва “Тозагии соҳил» дар ноҳияи Шаҳристон
Ахбор

Аксияи «Тозагии маҳал» ва “Тозагии соҳил» дар ноҳияи Шаҳристон

Дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ба таҷлили ҷашнҳои дарпешистода, бо мақсади ҷалб намудани оммаи васеи аҳолӣ ба корҳои ободониву тозагии муҳити атроф дар мавзеи Хуррамдараи ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд аксияи “Тозагии маҳал” ва “Тозагии соҳил” доир гардид. Дар аксияҳои мазкур кормандони бахши ҳифзи муҳити зист, МД хоҷагии ҷангали ноҳия, бахши кор бо ҷавонон, аҳолии ҷамоатҳо, тақрибан 100 нафар иштирок доштанд. 

Дар рафти баргузории аксияи болозикр минтақаҳои истироҳатӣ, соҳилҳои кӯл ва ҷӯйборҳо аз партовҳо тоза карда шуд.

Аз мавзеи истироҳатӣ 4 тонна партов бароварда шуда, 25 адад қуттиҳо барои партофтани партов гузошта шуд.


Бозгашт