|
Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон
Соли 2007 Донишкадаи техникии Тоҷикистонро хатм кардааст. Соли 2011 Донишгоҳи Кассели Олмон-ро хатм кардааст. Соли 2016 то имрӯз унвонҷуи факултаи робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи милии Тоҷикистон/Маркази байналмилалии сиёсати Аврупо (Centre International de Formation Européenne — CIFE) мебошад. Мавзӯъ: Созишномаи иқлимии Париж: масъулият ва имкониятҳои Тоҷикистон. Ихтисос: 1) муҳандис-энергетик, 2) Магистр – иқтисодиёти сиёсии байналмилалӣ, донандаи 3 забон: англисӣ, олмонӣ ва русӣ. Кор ва фаъолияти собиқа: Солҳои 2006-2007 — Тарҷумони ташкилоти КАРЕ (CARE) Интернэйшнл дар Тоҷикистон Солҳои 2007-2008 — Ёрдамчии маъмурии ташкилоти КАРЕ (CARE) Интернэйшнл дар Тоҷикистон Солҳои 2012-2013 — Менеҷер-маъмур оид ба робита бо ҷомеа дар ташкилоти Акт Осиёи Миёна (ACT Central Asia) Солҳои 2012-2017 — Устоди Донишгоҳи славянии Тоҷикистону-Руссия, Донишгоҳи Технологии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Солҳои 2013-2014 — Менеҷер оид ба алоқа бо ҷомеа ва коммуникатсия дар Сафорати Бритониё дар Тоҷикистон Солҳои 2014 -2015 — Мутахассиси Маркази тағйирёбии иклим ва қабати озон Агентии обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон/Барномаи пилотии Бонки Осиёии Рушд оид ба устувории иқлимӣ Солҳои 2015-2018 — Мушовири барномаи Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) оид ба Фонди иқлимии сабз дар Тоҷикистон/ Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Солҳои 2015-2016 — Мушовир дар таҳлили бизнеси инклюзивии Бонки Осиёии Рушд дар ҳамкори бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Солҳои 2017-2019 — Мушовир дар барномаи пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок ба занони соҳибкор дар Тоҷикистон Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд 04-11.2018 — Менеҷери Барномаи арзёбии лоиҳаҳои Фонди иқлимии инвеститсионӣ/ Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (лоиҳаи Таҷдиди НБО-и Қайроққум ва Климадапт-қарзҳои имтиёзнок ба соҳибкорони хурду миёна) 08-12 соли 2019 — Мушовири лоиҳа оид ба арзёби сандуқи молиявӣ, технологияҳои муосири Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир дар Осиёи Марказӣ Ноябри соли 2019 — феврали соли 2020 — Мушовири барномаи Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) дар Ҷумҳурии Ботсвана 14 феврали соли 2020 — Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудааст.
E-mail-почта: info@tajnature.tj Телефон: (+992) 236-40-59 |
|
Муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмзода Зарафо Суфиҷон
Ихтисос: биолог-омӯзгор Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои биологӣ Аз июни соли 2020 муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият карда истодааст.
E-mail-почта: info@tajnature.tj Телефон: (+992) 235-39-01 |
|
Муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлодод Абдулқодир Мавлодод
Ихтисос: биолог — шикоршинос Аз июни соли 2020 муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият карда истодааст.
E-mail-почта: info@tajnature.tj Телефон: (+992) 235-39-03 |
















