- Набототу ҳайвонот, Хабарҳо

Озмуни «Сайри гули Лола» дар ноҳияи Фархор

Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 № АП-1140, қарори раиси вилояти Хатлон ва қарори раиси  ноҳияи Фархор баҳри вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ, дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, деҳа ва маҳалла, баланд бардоштани завқи эстетикӣ, фарҳангӣ, маърифати экологии сокинон, тозагии муҳити зист, шинонидан ва кишти гулҳои гуногуни мавсимӣ чораҳои зарурӣ андешида шудааст. Бинобар ин ҳайати гурӯҳи кории ноҳиявӣ озмуни ҷумҳуриявии  «Сайри гули Лола»-ро дар ноҳияи Фархор баргузор намуда, ғолибони озмуни ноҳиявӣ аз номинатсияи гулпарвари беҳтарин, гулгашт ва боғи фарҳангӣ ва фароғатӣ, маҳаллаи беҳтаринро муайян намуда,  ба озмуни вилоятӣ пешниҳод намуданд.

Иловаи шарҳ