Санаи 28 марти соли равон бо ташабусси бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Балҷувон баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоати деҳоти Балҷувони бо иштироки васеъи кормандони корхона, ташкилоту муассисаҳо аксияи «Тозагии соҳил» ва «Тозагии маҳал», инчунин ҳашари ниҳолшинонӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани маҳалаҳои зист гӯзаронида шуд, ки дар он зиёда аз 80 нафар кормандон иштирок намуда, дар масофаи 150м ҷӯйбори обрав канда ба истифода дода шуд.














