- Набототу ҳайвонот, Хабарҳо

Ифтитоҳи гармхонаи нав дар шаҳри Турсунзода

Бахшида  ба таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ,  дар доираи нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар назди хоҷагии деҳқонии “Абдуваҳоб 2006”,  Ҷамоати деҳоти Регари шаҳри Турсунзода дар масоҳати 0,80 га гармхонаи нав ифтитоҳ гардид, ки дар он асосан парвариши сабзавоти барвақтӣ -помидор ба роҳ монда шудааст.

 Тибқи маълумоти сардори  хоҷагии мазкур Муродулло Ҷӯраев хоҷагӣ дорои 1,9 га қитъаи замин буда, бештар ба парвариши сабзавоти барвақтӣ, аз қабили помидор, бодиринг, булғорӣ ва ғ. машғул аст. Дар хоҷагӣ 10 нафар бо ҷойи корӣ доимӣ таъмин буда, хоҷагӣ ҳамасола ду ҳосил гирифта, бозори истеъмолии шаҳри Турсунзода ва пойтахти кишварро бо маҳсулоти тару тоза таъмин менамояд.

 Хоҷагӣ дар ҳамкорӣ бо ҶДММ “Ниҳол-2016” ҳамкориро ба роҳ монда, навъҳои мухталифи маҳсулоти кишоварзӣ ва нуриҳои минералиро, ки  аз  давлатҳои хориҷӣ ворид гардидааст, тариқи таҷрибавӣ  парвариш менамояд. 

Хоҷагидорон мегӯянд навъҳое, ки ба боду ҳавои шаҳр мутоқибанд, дар хоҷагӣ ба роҳ монда мешаванд.  Таҷриба нишон дод, ки аз ҳар га замин дар натиҷаи нигоҳубин  беш аз 100 тонна маҳсулоти хушсифат гирифтан мумкин аст.

Иловаи шарҳ