- Хабарҳо

Баргузории аксияи «Тозагии маҳал» дар ноҳияи Хуросон

Бо мақсади ба роҳ мондани корҳои ободонию созандагӣ, беҳтарсозии вазъи экологии маҳаллаҳои аҳолинишин ва баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ дар ҷамоати деҳоти Садриддин Айнии ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон бо ҷалби 400 нафар ҳамшираҳои шафқат, ҷавонон ва дигар кормандони  касбу кори гунонун аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд. Дар рафти баргузории аксия ба миқдори 6 м3 партовҳо ҷамъоварӣ гардида,  ба партовгоҳи доимӣ интиқол дода шуд.

Чорабинии мазкур навборбардорӣ гардида, тариқи телевизиони ҷумҳуриявӣ намоиш дода шуд.

Иловаи шарҳ