- Хабарҳо

Насби шиору овезаҳо дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи байналмилалии об

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии  об   22 – март  ва ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, дар ҳамкории Раёсати ҳифзи муҳити  зисти вилояти Суғд  бо  Ташкилоти байналмилалии «Лоиҳаи миллии идоракунии захираҳои обӣ» (GIZ) дар хиёбонҳои Исмоили Сомонӣ ва  Раҳим Ҷалили шаҳри Хуҷанд  аз  ҷониби шуъбаи ҳифзи  муҳити зисти шаҳри Хуҷанд  шиорҳои  иттилоотӣ  насб карда шуданд.

Ин иқдом барои огоҳонидани аҳолӣ аз ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳифзи захираҳои об ва баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии мардум мусоидат мекунад.

Иловаи шарҳ