- Набототу ҳайвонот, Хабарҳо

Ба истиқболи Иди байналмилалии Наврӯз корхои ободонию кабудизоркунӣ ва тозагии муҳити зист дар Нуробод бомаром идома доранд

Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Нуробод бо мақсади иҷрои супориши муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2020, №4/26-3  оид ба ташкили  маъракаи ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ дар баҳори соли 2020, бурдани корҳои ободонию созандагӣ,  тозаву озода нигоҳ доштани  иншоотҳо, атрофи ташкилоту муассисаҳо, идораву корхонаҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот,  бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ санаи 17 марти соли ҷорӣ дар ҳудуди ноҳияи Нуробрд аксияи «Тозагии маҳал» ва «Тозагии сохҳил» баргузор  гардид.

Қайд намудан бамаврид аст, ки дар доираи аксияҳои экологии мазкур,  бо ҷалби 350 нафар сокинони  ҷамоатҳои  шаҳраку деҳот, кормандони ташкилоту  муассисаҳо ва аҳолӣ, кӯчаву маҳаллаҳо  аз партовҳои пластикӣ ва дигар партовҳо  тоза гардида, ба миқдори 1, 5 м3 партовҳои ҷамъоваришуда, дар масоҳати  2, 5 км ба воситаи 2 адад техникаи боркаш ба партовгоҳи расмии ноҳия интиқол дода шуд.

Қобили қайд  аст, ки соли ҷорӣ дар ҳудуди ноҳия шинондани 13000 бех ниҳоли дарахтони гуногун, аз қабили 6000 бех ниҳолҳои мевадиҳанда, 1000 бех ниҳолҳои ороишиву сояафкан  ва 6000 бех дарахтони гуногун ба нақша гирифта шудааст. Инчунин дар соли равон бунёди 15 га боғҳои нав ва 31 га барқарор намудани боғҳои куҳна ба роҳ монда мешавад.

Бинобар иттилои Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Нуробод баргузории чунин чорабиниҳо  минбаъд низ бо иштироки доираи васеътари кормандони касбу кори гуногун дар назар аст.  

Иловаи шарҳ