- Муомилот бо партов, Набототу ҳайвонот, Хабарҳо

Аксияи «Тозагии маҳал» ва кабудизоркунӣ дар ноҳияи Муъминобод

Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Муъминобод тибқи нақша – чорабиниҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 14 марти соли равон аксияи «Тозагии маҳал» ва маъракаи ниҳолшинонӣ, кабудизоркунӣ, ободонӣ ва солимгардонии муҳити зистро дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия гузаронд.

Аз ҷумла дар ҷамоати шаҳраки Муъминобод дар маркази ноҳия 10800 адад гули лола, дар майдони 0,10 га тухми гулҳои гуногун корида шуд. Инчунин дар шоҳроҳи ҷамоати деҳоти Ш. Шоҳин бо ҷалби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия ва сокинони ҷамоат ҳашари умумӣ гузаронида шуд, ки дар ҳашари мазкур ба масофаи 4км ду тарафи роҳ бехи дарахтон нарм карда шуда, партовҳо ба миқдори 3м3 ҷамъоварӣ карда шуда ба партовгоҳи расмӣ интиқол дода шуданд.

Чунин аксияҳо ва шанбегиҳо бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ташкил карда мешаванд.

Иловаи шарҳ