- Набототу ҳайвонот, Хабарҳо

Рафти аксияи «Тозагии соҳил-2020» дар ВМКБ

Раёсати ҳифзи муҳити зисти ВМКБ ҷиҳати иҷрои фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани  ҷашни 30-солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри тозаву озода нигоҳ доштани соҳили дарёҳо, каналу ҷӯйборҳо дар моҳи марти соли равон корҳои муайянеро ба сомон расонд.

Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни байналмилалии Наврӯз санаи 14 март дар шаҳри Хоруғ аксияи навбатии «Тозагии соҳил-2020» баргузор гардид, ки дар он 250 нафар кормандони ташкилоту муассисаҳо, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишҷӯён фаъолона иштирок намуданд.  Дар натиҷа 16 км маҷро ва қад-қади соҳилҳои  дарёи Ғунди маҳаллаи Гулакен ва бозори марказӣ аз партовҳо тоза карда шуда, дар маҷмуъ 7,5 м3 партовҳо тавассути 1 адад техника  ба партовгоҳи расмӣ интиқол дода шуд.

Дар соҳили дарёи Ванҷоби ноҳияи Ванҷ низ чунин аксия бо иштироки 80 нафар баргузор гардида, ҳудуди 3км соҳилҳо тоза  ва 4м3 партовҳо ба партовгоҳ интиқол дода шуд.

Дар ноҳияи Рӯшон соҳилҳои рудхонаҳои доимӣ ва муваққатӣ тоза карда шуданд. Дар аксияи  ноҳияи Роштқалъа бошад 47 нафар иштирок намуда, аз масофаи 2,5км партовҳо ҷамъоварӣ ва ба партовгоҳ  бароварда шуд.

Дар гузориши Раёсати ҳифзи муҳити зисти ВМКБ қайд гардидааст, ки дар ҳудуди вилоят 25,5 км соҳилҳо тоза карда шуда, 23,3м 3 партовҳо ба партовгоҳ бароварда шуд.

Ин ташаббус идома дошта, дар оянда низ бо ҷалби аҳолии маҳал корҳои ободонию созандагӣ ва ҳифзи муҳити зист гузаронида мешавад.

Иловаи шарҳ