- Муомилот бо партов, Обуҳавошиносӣ, Хабарҳо

Аксияи «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил» дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

Санаи 18 марти соли 2020 дар ҷамоати деҳоти Каленини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аксияи «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил» гузаронида шуда, дар ин аксияҳо зиёда аз 220 нафар ҳашарчиён иштирок карда ба миқдори 14 м3 партовҳо аз соҳили кул ва маҳалҳо бароварда ба партовгоҳи расмӣ интиқол дода шуд. Аксияи мазкур тариқи шабакаи телевизиони Тоҷикистон ба навор гирифта шуда, пешкаши тамошобинон гардонида шуд.

Иловаи шарҳ