- Навидҳои муҳим, Хабарҳо

Маҷлиси тантанавӣ бахшида Иди Наврӯз дар Кумита

20 марти соли равон дар бинои Кумита бахшида ба Иди Наврӯз маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон кормандону мутахассисони Кумита ба ин ҷашни зебои баҳор ва оғози соли нави ниёгон табрику муборакбод намуд. Дар сухани табрикотии Раиси Кумита қайд гардид, ки Наврӯз яке аз суннатҳои миллии қадимаи мардумони Шарқ мебошад, ки он дар сарзамини мо Тоҷикистон дар баробари Ҷумҳуриҳои Исломии Эрон ва Афғонистон, Покистон, давлатҳои Осиёи Марказӣ ҳамчун иди бедории табиат ва фарорасии фасли баҳор бо расму русуми хоса ҷашн гирифта мешавад.

Боиси ифтихор аст, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чаҳорчӯбаи «Тамаддуни ҷаҳонӣ» аз 23 феврали соли 2010 Наврӯз мақоми байналмилалӣ гирифт ва инак 20 сол мешавад, ки ин ҷашни бедории табиат дар кишварҳои мухталифи сайёра қайд карда мешавад. Имрӯз беш аз 300 миллион нафар одамон Наврӯзро дар саросари ҷаҳон ҳамасола чун иди эҳёи табиат қайд мекунанд. Наврӯз таърих ва арзишҳои тамаддунҳои дурахшони башарист, ки дар тӯли қарнҳо арзишҳои инсониро ба худ нигоҳ дошта меояд.

Тавре ба мо маълум аст, қабл аз ҷашнгирӣ манзили зист аз чангу ғубор тоза карда шуда, даштҳоро сабзу хуррам месохтанд, заминҳои хушкидаро ба ҷангалзор табдил медоданд, марзҳои кишти гандумро афзун мегардонданд, дарахту ниҳолҳо мешинонданд, ҷӯйборҳоро тоза мекарданд. Наврӯз ҳамчун ҷашни табиат, пеш аз таваҷҷӯҳ ва ғамхории одамонро ба муҳити зист ифода менамояд қайд карда шуд дар сухани табрикотӣ.

Иловаи шарҳ