- Навидҳои муҳим, Хабарҳо

Бинои Кумита пурра таъмир гардида, дар арафаи ҷашни Наврӯз ба истифода дода шуд

Дар доираи омодагиҳо ба таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар арафаи ҷашни  Наврӯзи байналмилалӣ  санаи 20 марти соли ҷорӣ бинои Дастгоҳи марказии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир  баъд аз таъмири дохилӣ ва берунӣ  ба истифода дода шуд. Намои бинои мазкур ба ҳусни пойтахти азизамон шаҳри Душанбе ҳусни дигар зам мекунад. 

Дар маросими ба истифода супоридани бинои навтаъмир муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ иштирок намуданд.  Мавсуф аз номи Ҳукумати ҷумҳурӣ Наврӯзро ба ҳозирин табрику таҳният гуфт.

Ёдовар мешавем, ки бинои   Кумита  дар даврони  шӯравӣ сохта шуда,  солиёни дароз таъмирталаб гардида буд ва соли сипаригашта барои таъмири пурраи он чораҳои амалӣ андешида шуданд.

Раиси Кумита Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон аз номи кормандони Кумита ба Ҳукумати мамлакат барои муҳайё намудани шароити фаъолияти хуби корӣ изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуданд.

Иловаи шарҳ