- Хабарҳо

Корҳои тарғиботӣ доир ба ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон

Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Шамсиддини Шоҳини минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон дар асоси нақша – чорабиниҳои тасдиқгардида баҳри баланд гардидани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ дар ҷамоату деҳоти ноҳияи мазкур корҳои тарғиботию ташвиқотиро ба роҳ монд. Аз натиҷаи чорабинии тарғиботии мазкур ба Кумита хабар дода шуд. Бинобар иттилои масъулони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ш. Шоҳин санаи 17 марти соли 2020 дар байни фаъолон ва сокинон суҳбату вохӯриҳо гузаронида шудааст.

Корҳои фаҳмондадиҳӣ барои раҳнамун сохтан ва тарбия намудани табақаҳои гуногуни аҳолӣ, дар доираи нақшаи чорабиниҳои Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020, мусоидат менамояд.

Иловаи шарҳ