- Муомилот бо партов, Хабарҳо

Баргузории аксияи «Тозагии маҳал-2020» дар ноҳияи Ҳамадонӣ

Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҳамадонӣ тибқи нақша – чорабиниҳои тасдиқгардида санаи 14 марти соли ҷорӣ дар шаҳраки Москваи ноҳия аксияи «Тозагии маҳал – 2020» ва маъракаи гулшинониро баргузор намуд. Тибқи иттилои бахши мазкур дар аксияи номбурда беш аз 100 нафар аҳолии шаҳрак иштирок намуда, ба нармкардани бехи дарахтон ва шинонидани гулу гулбутаҳо машғул шуданд ва саҳми худро дар беҳдошти муҳити зист гузоштанд.

Иловаи шарҳ