- Обуҳавошиносӣ, Хабарҳо

Гузаронидани аксияи «Тозагии соҳил-2020» дар ноҳияи Данғара

Шӯъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Данғара ба маълумоти Шумо мерасонад, ки тибқи Амри Раиси ноҳияи Данғара дар бораи гузаронидани аксияҳои «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил», фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи гузаронидани аксияи «Тозагии соҳил», дар амал иҷро намудани талаботҳои моддаи 9-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», моддаи 9-11-и қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз «Дар бораи тасдиқ, тартиб, шарт ва усули ҷамъоварӣ, безараргардонӣ, интиқол, нигоҳдорӣ ва гӯронидани партовҳои истеҳсолӣ ва маишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар муҳити тозаю солим пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёти «Тозагии соҳил»-ро дар моҳи марти соли 2020 дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар ташкилоту муассисаҳои дахлдор гузаронида истодаанд.

Шӯъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Данғара дар моҳи сипаришуда аксияи «Тозагии соҳил”-ро дар таърихи 14 марти соли равон дар ҷамоати шаҳраки Данғара, дар соҳилҳои канали паспартови кӯчаи Нуралӣ Миралӣ тариқи ҳашари умумӣ бо иштироки аҳолӣ, кормандони КВД ХМК-и ноҳия ва масъулини ҷамоати  шаҳраки Данғара 1 адад партовгоҳи ғайрирасмӣ бо пуррагӣ тоза карда шуда, дар масоҳати 400 метр соҳили канали паспартови дар боло зикр гардида, дар ҳаҷми 25м3 аз партовҳо ва алафҳои бегона тоза карда шуда, ду тарафи канал ва дохили канал аз алафҳои бегона ва партовҳои ҷамъшуда тоза карда шуд.

Инчунин дар рӯзи аксия кормандони муассисаи давлатии ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунии шаҳраки Данғара дар кӯчаҳои маркази ва шарқи ҷамоати шаҳраки Данғара ниҳолҳои ҳамешасабз ва ороишӣ шинониданд.  Рафти гузаронидани чорабинии мазкур тариқи шабакаҳои ҷумҳуриявӣ  ба намоиш гузошта шудааст.

Ҳамзамон мутахассисони шуъба оид ба моҳияти аксияи «Тозагии соҳил» сӯҳбату вохӯриҳо гузаронида, ҷиҳати тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист ва ҳифзу нигоҳубини навниҳолҳо ба аҳолӣ ва масъулини ҷамоатҳои шаҳраку деҳот маслиҳатҳо доданд.

Иловаи шарҳ