- Муомилот бо партов, Хабарҳо

Аксияи «Тозаги маҳал» дар шаҳри Левакант

Санаи 14 марти соли ҷорӣ  дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон бо ҷалби кормандони корхонаву муассисаҳо ва аҳолӣ аксияи «Тозагии маҳал-2020» гузаронида шуд. Дар аксия кӯчаву хиёбонҳои шаҳр аз ҳаргуна партовҳо тоза карда шуд. Инчунин корҳои тоза кардани ҷӯю обравҳо, нарм кардани замин, шинонидони гулҳо ва дигар корҳои ободонӣ ба амал оварда шуд. Дар аксияи мазкур зиёда аз 150 нафар иштирок намуда, 18 тонна партовҳоро бароварда ба партовгоҳи шаҳрӣ интиқол доданд.

Иловаи шарҳ