- Навидҳои муҳим, Хабарҳо

Вохӯрии Раиси Кумита бо Сафири навтаъйини Ҷумҳурии Федералии Германия ҷаноби Андреас Протмани

18 марти соли 2020 вохӯрии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур бо Сафири навтаъйини Ҷумҳурии Федералии Германия Андреас Протманиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Раиси Кумита ба ҷаноби Андреас Протмани роҷеъ ба самтҳои фаъолият, дастовардҳо ва проблемаҳои мавҷудаи соҳа маълумот дод. Инчунин, дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо, фаъолияти стансияҳои обуҳавосанҷӣ, гуногунии биологӣ, ҳамкорӣ бо Ҷамъияти ҳамкориҳои Германия (GIZ) ва дигар масъалаҳои мубрами ҳифзи муҳити зист мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ҷаноби Сафир вобаста ба нақшаҳои Ҳукумати Федералии Германия барои ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал дода, омодагии кишварашро дар баргузории вохӯриҳои сатҳи баланди шахсони қарорқабулкунанда, пешбурди корҳои илмӣ ва амалисозии лоиҳаҳо дар самти тағйирёбии иқлим ва бехатарии экологӣ иброз дошт.

 Вохӯрӣ дар фазои якдигарфаҳмӣ сурат гирифта, тарафҳо вобаста ба масъалаҳои баррасишуда ба мувофиқа расиданд.

Иловаи шарҳ