- Навидҳои муҳим, Хабарҳо

Вохӯрии Раиси Кумита бо намояндаи Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) дар Тоҷикистон

Санаи 17 марти соли 2020 вохӯрии Раиси Кумита муҳтарам Шерализода Баҳодур бо намояндаи Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ(ФАО) дар Тоҷикистон ҷаноби Олег Гучгелдиев баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ масъалаҳо оид ба корҳои анҷомдодашуда дар самти ҳамкорӣ бо Фонди иқлими сабз, Фонди глобалии экологӣ, рушди иқтидор дар самти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва дигар масъалаҳои мубрами соҳа мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Намояндаи Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар Тоҷикистон ҷаноби Олег Гучгелдиев ба Раиси Кумита Шерализода Баҳодур вобаста ба корҳои анҷомдодашуда дар соли 2019 ва нақшаи амалишавии лоиҳаҳо дар соли 2020 маълумоти муфассал дод.

Дар ҷамъбасти вохӯрӣ Раиси Кумита пешниҳод намуданд, ки Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ ҳамкориро бо Кумита дар самти амалишавии лоиҳаҳо бо Фонди иқлими сабз ва Фонди глобалии экологӣ вобаста ба коркарди заҳрхимикатҳо, таҳияи Кодекси экологӣ ҳамкориро ба роҳ монад.

Вохӯрӣ дар фазои якдигарфаҳмӣ сурат гирифта, тарафҳо вобаста ба масъалаҳои баррасишуда ба мувофиқа расиданд.

Иловаи шарҳ