- Обуҳавошиносӣ, Хабарҳо

Аксияи «Тозагии соҳил» дар шаҳри Хоруғи ВМКБ

Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хоруғ дар ҳамкорӣ бо Раёсати ҳифзи муҳити зисти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар таърихи 14 март аксияи тозагии соҳил гузаронид. Дар аксия толибилмони синфҳои болоӣ, кормандони раёсат ва шуъбаи хифзи муҳити зисти шаҳри Хоруғ, донишҷуёни Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ иштирок доштанд. Дар аксия зиёда аз 160 нафар иштирок дошта, аз соҳили дарё 3м3 партовҳо ҷамъ намуданд.

Дар натиҷаи гузаронидани аксия 2 км соҳили дарёро тоза намуда, партовҳоро ба партовгоҳи шаҳрӣ интиқол доданд. Масъалаи тозакунии соҳили дарёҳо ва барои баланд бардоштани маърифати экологӣ бо аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ аз тарафи мутахассисон гузаронида шуд. Натиҷаи гузаронидани аксия бо телевизиони Бадахшон пахш гардид.

Иловаи шарҳ