- Навидҳои муҳим

Дар маҷлиси назоратии назди Раиси Кумита

15 апрели соли равон маҷлиси назоратии ҳафтаинаи назди Раиси Кумита баргузор гардид, ки дар он сардорони раёсату шуъбаҳо, марказҳо, Агентии обуҳавошиносӣ ва муассисаҳои илмӣ-тадқиқотии Кумита ва ҳамоҳангсозони лоиҳаҳои татбиқшаванда иштирок доштанд.

Маҷлисро Раиси Кумита Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ифтитоҳ намуда, тибқи тартиби кори маҷлис ҳисоботи сардори Раёсати мониторинг ва сиёсати экологӣ Абдусалим Ҷӯраев шунида шуд.

Сипас, Раиси Кумита сабаби  қисме аз бандҳои протоколи маҷлиси назоратии қаблиро, ки аз бетаваҷҷуҳии баъзе масъулони  сохторҳои марбута  иҷро нагардидаанд, пурсон шуд. Таъкид гардид, ки масъалаи мазкур омӯхта шуда, тибқи тартиби ҷорӣ баёноти хаттӣ пешниҳод карда шавад.

Қайд карда шуд, ки бинобар сабаби пешниҳод накардани ҳисоботи ҳафта нисбат ба  корманди шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин ва муомилот бо партовҳо К. Алимардонов чораҳои дахлдор андешида шавад.

Раиси Кумита оид ба  муҳимияти масъалаи ҳифзи замин ва муомилот бо партовҳо  ибрози назар намуда, қайд кард, ки доир ба мушкилоти мавриди назар дар назди Кумита вазифаҳои ниҳоят калон меистанд.

Дар робита ба пешниҳод нагаштани маълумоти зарурӣ ба сомонаи расмии Кумита  эроди ҷиддӣ гирифта шуда, зимнан тамоми шуъбаву бахшҳои зертобеи Кумита вазифадор карда шуд,  ки нисбат ба кори самти худ ба таври таъҷилӣ барои сомонаи Кумита  маълумоти хабарӣ  пешниҳод намоянд.

Дар бораи  намоиши навори  телевизионӣ оид ба партофти дуди ғализ ба муҳити зист аз ҷониби баъзе субъектҳои  фаъолияти  хоҷагидор, ибрози  назар карда, супориши қатъӣ дода шуд, ки нисбат ба чунин қонунвайронкунандагон чораҳои мушаххаси таъхирнопазир андешида шавад. Ҳамзамон, Раиси Кумита барои ба хулосаи комили экспертизаи давлатӣ фаро нагирифтани сохтмони шоҳроҳи Душанбе-Бохтар  барои васеъкунии роҳ ва интиқоли сангу хоки ихроҷшуда, ки сабабкори наззулёбии мављудоти муҳити табиӣ мегардад, изҳори нигаронӣ намуд.

Ба масъули шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот Ҳ. Аҳроров супорида шуд, ки назоратро дар самти ҷамъоварии ғайримақсадноки растаниҳои хурданибоб ва гиёҳҳои шифобахш дуруст ба роҳ монад. Қайд гардид, ки дар мавсими ҷамъоварии  шираи камоли бадбӯй на ҳамеша тарзи дурусти гирифтани он риоя мешавад, ки чунин муносибат сабабгори ба нестӣ расидани  ин рустанӣ дар табиат мегардад.

Барои гузаронидани чорабиниҳои мақсадноки Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дар охир, доир ба ҳамаи масъалаҳои баррасигардида қарори дахлдор қабул карда шуд.

Иловаи шарҳ