- Обуҳавошиносӣ, Хабарҳо

Идомаи корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар шаҳри Турсунзода

Дар соҳили  дарёи Ширкент ва ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Регар ва Пахтаобод аз тарафи шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Турсунзода корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ гузаронида шуд, ки  дар масоҳати 1100 метр корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба анҷомрасонида шуд.

Дар корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ 2 техникаи борбардори (volvo ва nyundai) аз тарафи шуъбаи ҳифзи муҳити зист  бо ҷалби корхонаҳои коркарди регу шағал ва аҳолии ҳудуди ҷамоат  тариқи ҳашар истифода бурда шуд.  Чунин корхои соҳилмустаҳкамкунӣ то зиёдшавии об идома дода мешавад ва корҳои фаҳмонидадиҳӣ вобаста ба фасли сол дар корхонаву ташкилот ва муассисаҳои шаҳр  низ бурда мешавад.

Иловаи шарҳ