- Навидҳои муҳим, Хабарҳо

Баргузории машғулияти навбатии курси омӯзишӣ дар мавзӯи «Ҳифзи муҳити зист аз назари ҷавонон: аҳамиятнокӣ ва рушд»

Санаи  17 марти соли 2020 дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон,     дар асоси мактуби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 феврали соли 2020, №5/1-111-в оид ба баргузории даври сеюми курси омӯзишии «Ҷавонон-пайрави Пешвои миллат» ва тибқи барномаи омӯзишӣ, бо иштироки бевоситаи Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон таҳти мавзӯи «Ҳифзи муҳити зист аз назари ҷавонон: аҳамиятнокӣ ва рушд» машғулияти омӯзишӣ баргузор гардид.

Дар рафти машғулияти мазкур оид ба мавзӯи болозикр ибрози андешаҳо сурат гирифта, зикр гардид, ки нақши насли ҷавон дар ҳифзи муҳити зист назаррас буда, имрӯз ҷавонон дар ҳамаи чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла аксияҳои экологӣ фаъолона иштирок менамоянд. Ҳамзамон даъват ба амал оварда шуд, ки Кумита ва мақомоти зерсохтори он омода аст барои таъмини амнияти экологии аҳолӣ ва сарсабзу хуррам гардонидани ҳар гӯшаву канори Ватани азизамон бо табақаҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла насли ҷавон ҳамкорӣ намояд.

Иштирокдорони чорабинӣ изҳор доштанд, ки барои расидан ба ҳадафҳои экологии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар беҳдошту ҳифзи муҳити зист саҳми арзандаи хешро гузоранд.

Дар қисми дигари машғулияти курси омӯзишӣ оид ба мавзӯи матраҳгардида суолҳо пешниҳод гардида, аз ҷониби Раиси Кумита ба суолҳои пешниҳодшуда посухҳои мушаххас дода шуданд.  

Иловаи шарҳ