- Набототу ҳайвонот, Хабарҳо

Корҳои ободонию созандагӣ дар ноҳияи Шаҳритуз

Бо мақсади вусъат додани корҳои ободонӣ, ниҳолшинонӣ ва гулшинонӣ бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Шаҳритуз, оиди гузаронидани аксияҳои экологӣ, ҳашарҳои ниҳолшинонӣ ва омода намудани ниҳолҳои мевадиҳандаи гулдор ва ороишӣ дар гулдонҳо бахшида ба сафари кории меҳмонони олиқадр, бо ташабуси бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Шаҳритуз ва бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дигар корхонаву ташкилотҳои дахлдор ниҳолҳои ҳамешасабз, ороишӣ аз қабили можевилник ва туя, ниҳолҳои мевадиҳандаи гулдори бодом, зардолу ва шафтолу, инчунин гулу гулбуттаҳои намуди огава, алияндра, серен, палма, дрон, булдонем, тагетс, вербен ва гитун харидори гардида дар гулдонҳо шинонида шуд.

Инчунин гулҳои мавсимӣ аз тарафи бахш дар назди даромадгоҳи идораи бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия шинонида шуд. Дар маъракаи ниҳолшинонӣ кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия ва кормандони “Матлубот”-и ноҳия бо як ҳисси баланди зебоипарастӣ иштирок намуданд.

Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Шаҳритуз дар оянда низ баҳри ободу зебо нигоҳ доштани маҳалҳои аҳолинишин, баланд бардоштани маърифати экологӣ ва ҳисси зебоипарастии шаҳрвандон инчунин баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми имкониятҳои ҷойдошта васеъ истифода хоҳад бурд.

Иловаи шарҳ