- Навидҳои муҳим, Хабарҳо

Ифтитоҳи Маҷмааи сайёҳӣ-истироҳатии “Ҷазираи Темурмалик” бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Санаи 31 марти соли 2019 дар доираи чорабиниҳои таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон Маҷмааи сайёҳӣ-истироҳатии “Ҷазираи Темурмалик” ба истифода дода шуд. Маҷмааи мазкур дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, дар ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобољон Ғафуров, дар масоҳати 5 гектар, бо ҳавзҳои намудҳои зиёди моҳӣ ташкил гардида, барои диданибоб шудани минтақа парандаҳои гуногун, аз ҷумла мурғҳои даштӣ (фазан) гирд оварда шудаанд. Корҳои сохтмонӣ ва муҷаҳҳазгардонии парваришгоҳ бо лавозимоти зарурӣ  соли 2018 оғоз гардида, дар он бинои истироҳатӣ, толори нишасти мењмонон, бинои маъмурї, ошхона, шипангњо ва нуқтаи гигиенӣ-санитарӣ бунёд ёфтааст.

Ҳамчунин барои нигоҳубин ва муҳофизати ҳайвоноти дар ин мавзеъ гирдовардашуда дидбонгоҳи назоратию муҳофизатии экологӣ сохта шудааст. Роҳравҳои ин мавзеъ дар масофаи 190 метр бо сангҳои гуногуни ороишӣ руйпуш гардидаанд. Дар ин минтақаи истироҳатию сайёҳӣ бо мақсади нигоҳубин ва  намоиши парандаи тазарв қафаси калон, ҳавзи моҳидорӣ дар масоҳати 50 метри мураббаъ бунёд гардидааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити муҳайёгардида дар ин мавзеи зебои соҳили дарёи Сир ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ба роҳбарияти вилояти Суғд  ва дигар масъулин ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани имконот ва инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Ҳамзамон, иттилоъ дода шуд, ки соли 2018 танҳо тавассути гузаргоҳҳои сарҳадии вилояти Суғд беш аз 800 ҳазор нафар сайёҳ ворид гардидааст ва дар ҳамин замина барои боз ҳам рушд додани соҳаи сайёҳии соҳилӣ, муаррифии мавзеъҳои зебову хушманзараи сайёҳии назди соҳилии вилоят ва дар ин росто ҷалби ҳар чӣ бештари шумораи сайёҳони дохилию хориҷӣ ба соҳилҳои дарёи Сир мавзеъҳои истироҳатию ҷазираҳои сайёҳӣ бо шароиту имконоти муосир бунёд карда мешавад. 

Иловаи шарҳ